Ансоруллоҳи Яман : Аҳдофи Амрико аз террори сардори шаҳид Сулаймонӣ муҳаққақ нашуд
(last modified Wed, 15 Apr 2020 07:17:08 GMT )
Апрел 15, 2020 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳи Яман : Аҳдофи Амрико аз террори сардори шаҳид Сулаймонӣ муҳаққақ нашуд

Узви Дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман таъкид кард: Амрико ба аҳдофи худ аз террори сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи собиқи неруи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ даст наёфт.

Муҳаммад Ал-Бахитӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Ал-Маёдин гуфт: Пас аз террори сардор Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи собиқи неруи қудси сипоҳ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, ноибраиси собиқи басиҷи мардумии Ироқ тавассути неруҳои амрикоӣ, ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ дар маърази таҳдид қарор гирифтааст.

Вай бо баёни ин ки дар Сурия ва Яман низ неруҳои Муқовимат пешравии зиёде доштаанд, афзуд : Агарчи Муқовимат ду раҳбари барҷастаи худро аз даст дод, аммо Амрико ба аҳдофи худ аз ин террор даст наёфт.

Ал-Бахитӣ ҳамчунин тасреҳ кард: Меҳвари Муқовимат бар асоси ормони уммати исломӣ бархостааст ва ҳар зарбае монанди  ҳадаф қарор додани раҳбарони ин меҳвар ё эълони ҷанг алайҳи он, муҷиб мешавад, ки ин меҳвар қудратмандтар аз гузашта шавад.

Неруҳои амрикоӣ бомдоди севвуми январи 2020 сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис ва 8 нафари дигар аз ҳамразмонашонро дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расонданд