Апрел 16, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Иддаои аҷиби Арабистон, давлати Мансур Ҳоди дар хидмати Эрон

Муҳаммад оли Ҷобир, сафири Арабистон дар Яман дирӯз 15 апрел Аҳмад ал-Исо- муовини мудири иқтисодии Дафтари Мансур Ҳоди, раиси ҷумҳури истеъфододаи Яманро ба фуруши нафти Эрон муттаҳам кард.

Арабистони Саудӣ дар ботлоқи Яман гирифтор шудааст. Яке аз муҳимтарин далелҳои оғози ҷанги Арабистони алайҳи Яман ин буд, ки Риёз муддаӣ буд Ансоруллоҳ ҷунбише наздик ба Эрон дар Яман аст ва қудрат гирифтани он дар Санъо таҳдиде барои амнияти низомӣ ва заминии Арабистони хоҳад буд. 

Ансоруллоҳ ба лиҳози ҳувиятӣ, ҷунбише шиъӣ аст, ки бо Оли Саъуд таорузи ҳувиятӣ дорад. Бо ин ҳол, ҷунбиши Ансоруллоҳ сирфан муташаккил аз неруҳои шиъии Яман нест, балки бахше аз аҳли суннати Яман, ки мухолифи таҷовузи Арабистон ба кишварашон ҳастанд низ дар канори Ансоруллоҳ ва муттаҳидонаш қарор гирифтаанд. Бардошти Оли Сауд ин буд, ки бо фирқаӣ ҷилва додани таҳаввулоти дохилии Яман метавонад афкори умумии ин кишварро алайҳи Ансоруллоҳ басиҷ кунад, аммо дар амал ин бардошт комилан иштибоҳ буд ва ҳатто артиши Яман, ки зери назари давлати вақти Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ қарор дошт низ дар канори Ансоруллоҳ қарор гирифт. 

Нокомии Арабистон дар шикасти зудҳангоми Ансоруллоҳ ва пирӯзӣ дар ҷанг алайҳи Яман сабаб шуд, ки Оли Сауд бори дигар пойи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба таҳаввулоти Яман бикашад ва муддаии ҳимояти мушакӣ ва низомии Эрон аз Ансоруллоҳ шавад. Дар ҳамин росто аз ҳимояти Амрико низ бархурдор шуд ва ҳатто Ники Ҳили, сафири вақи Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид декабри 2017 дар конфронси хабарие дар Вашингтон, як чизи оҳанӣ ва бузургро ба намоиш гузошт ва муддаӣ шуд қитъаҳои боқимондаи мушаки партобшудаи эронӣ ба Риёз аст. 

 

Арабистони Саудӣ низ намоиши Ники Ҳилиро моҳи майи 2019 дар Макка ба роҳ андохт. Арабистон майи 2019 мизбони се нишасти сарони «араб», «Шурои ҳамкорӣ» ва «Созмони ҳамкории исломӣ» буд ва дар толори вурудии сарони кишварҳои арабӣ дар нишасти Макка «намоишгоҳе аз силоҳ» ба роҳ андохта ва муддаӣ шуда буд, силоҳҳои ин намоишгоҳ, ҳамон силоҳҳои эронии дар ихтиёри Ансоруллоҳи Яман аст. Ин иқдом беш аз ҳама бо ҳадафи кучак нишон додани Ансоруллоҳ буд ва Оли Сауд талош дошт ҳамлаҳои алайҳи Арабистонро ба қудрате назир Эрон нисбат диҳад то назди афкори умумии ҷаҳонӣ таҳқир нашавад. Бо идомаи муваффақиятҳои майдонии Ансоруллоҳ ва ба хусус ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман алайҳи Арабистон ба хусус ба умқи 1200 километрии ин кишвар собит кард, ки иддаои Оли Сауд алайҳи Эрон нодуруст аст ва Ансоруллоҳ ва муттаҳидонаш қобилияти дифоӣ ва паҳподии худро афзоиш доданд. 

 

Акнун Оли Сауд дар пардаи дигаре аз таваҳҳумоти зидди эронии худ, муддаии ҳамкории Дафтари раёсатҷумҳурии давлати истеъфододаи Мансур Ҳоди бо Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд. Иддаои сафири саудӣ дар бораи фуруши нафти Эрон тавассути Дафтари раёсатҷумҳурии давлати истеъфододаи Мансур Ҳоди дар ҳоле аст, ки ихтилофҳои ҷиддие миёни Риёз ва бархе аз аъзои давлати истеъфододаи Яман буруз кардааст. Ин ихтилофҳо ба хусус пас аз шикасти давлати истеъфодода дар муқобили Шурои интиқолии ҷануб вобаста ба Иморот дар тобистони 2019 ошкор шуд ва ҳатто бархе аз аъзои давлати Мансур Ҳоди аз Риёз расман интиқод карданд. 

Акнун Арабистон бо иттиҳомзанӣ ба аъзои Дафтари раёсатҷумҳурии Мансур Ҳоди ва васл кардани онҳо ба Эрон дар пайи он аст, ки ҳам бори дигар шикастҳои майдонӣ дар муқобили артиш ва кумитаҳои мардумии Яманро тавҷеҳ кунад ва ҳам афзоиши ихтилофҳо бо давлати истеъфододаи Мансур Ҳодиро ба хиёнати сирфан чанд узви давлати истеъфодода маҳдуд созад.

 

Барчасп