Нопадид шудани якчанд сарбози амрикоӣ дар Сурия
(last modified Mon, 27 Apr 2020 11:48:20 GMT )
Апрел 27, 2020 16:48 Asia/Dushanbe
  • Нопадид шудани якчанд сарбози амрикоӣ дар Сурия

Якчанд сарбози амрикоӣ дар Сурия нопадид шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз форс,ба як мошини  низомии америкоии дар шарқи остони Дейр эз-Зор (шарқи Сурия) ҳамла шуда, ки дар пайи он якчанд тан аз нерӯхои амрикоӣ нопадид шудаанд. 
 
 Бархе манобеъ дар ин иртибот ба Соно гузориш карданд, ки иддае афроди ношинос ба як мошини низомии Амрикоии аз навъи «Хаммер» , ки аз майдони «Ал-Амр» ба самти майдони «Ал-танк» дар ҳоли ҳаракат буд, ҳамла карданд. 
 
 Ин манобеъ ҳамчунин гузориш карданд, ки пас аз муддате мошини ёдшуда дар масири мавриди назар пайдо шуд ба тавре, ки ин мошин дар оташ сӯхта буд ва ҳамчунин ҳеҷ асаре аз сарнишинони он вуҷуд надошт. 
 
Дар ҳамин иртибот, манобеи расмии Сурия, пештар, гузориш карда буданд, ки иддае афроди ношинос ба як автомобили неруҳои амрикоӣ дар ҷануб «Ал-Хисака» ҳамла карданд