Апрел 27, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Посухи подофанди Сурия ба мушакҳои режими сионистӣ

Сомонаҳои дифоии Сурия субҳи имрӯз аҳдофи мутахосимеро дар осмони атрофи Димишқ раҳгирӣ ва мунҳадим карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Исна дар ҳамалоти мушакии режими сионистӣ ба манотиқи наздики Димишқ се ғайринизомӣ кушта шуданд. 

Дар асари асобати таркишҳои мушакҳои режими сионистӣ ба манозили сокинони ду шаҳрак Ал-Ҳуҷайра ва Ал-Одилия дар ҳавмаи Димишқ ин ҳамалот илова бир се кушта, чаҳор захмӣ низ дошт, ки дар миёни онҳо кудак ҳам ба чашм мехӯрд. 

Дидабони ҳуқуқи башари Сурия вобаста ба мухолифон низ зимни тайиди хабари кушта шудани се ғайринизомӣ муддаии кушта шудани чаҳор нерӯи ҳампаймони артиши Сурия шуд. 

Сомонаҳои падофанди ҳавоии Сурия чандин мушаки замин ба ҳаворо шиллик карданд, ки ба ин тартиб ҳамлаи мушакии Исроил дар ҳавмаи ҷанубии Димишқ дафъ шуд. 

Хубаргузории расмии Сурия низ дар ҳисоби корбарии худ дар Фейсбук гузориш дод, сомонаҳои дифои ҳавоӣ чандин ҳадафи мутахосимро дар осмони атрофи Димишқ раҳгирӣ ва дафъ карданд. 

Сокинони Димишқ тавонистанд мушакҳои Сурияро, ки ба дунболи аҳдофи мутахосимӣ буданд, ки аз самти мусалласи Сурия-Ливан бо минтақаи Ҷавлони ишғолӣ (дар дуртарин нуқтаи ҷануб-шарқи Сурия) меомаданд, мушоҳида кунанд.