Апрел 29, 2020 18:38 Asia/Dushanbe
  • Номаи мудохилҳҷӯёнаи сафири Амрико дар Бейрут ба нахуствазири Лубнон

Расонаҳои лубнонӣ аз номаи сафири Амрико ба нахуствазири Лубнон хабар додаанд, ки ӯ дар он ба навъе дар умури дохилии ин кишвар, дахолат кардааст.

Ба нақл аз Форс , Дорти Шиа -сафири Амрико дар Бейрут, дар номае ба нахуствазири Лубнон, ки муҳтавои он ба навъе дахолат дар умури дохилии ин кишвар аст, хостори тасриъ дар гомҳои ислоҳии давлат шудааст.

Рӯзномаи лубнонии Алливоъ, имрӯз чаҳоршанбе навишт: Манобеъе дар кабина аз номаи муҳимми Дорти Шиа- сафири Амрико ба Ҳисон Диёб- нахуствазири Лубнон хабар доданд, ки ӯ дар ин нома аз иттифоқоти хушунатбори ахири шаҳри Триполи ва рӯй овардани давлат ба дахолат додани артиш барои муқобила бо муътаризон ба шароити нобасомони иқтисодӣ, ибрози нохурсандӣ кардааст.

Ба навиштаи Алливоъ, сафири Амрико ба нахуствазири Лубнон гуфта беҳтар аст, ки давлат ҳар чи зудтар гомҳояш барои наҷоти [кишвар] ва иҷрои сареи бастаи ислоҳот дар ниҳодҳо ва идораҳоро, ки дороии хазонаро ҳадар медиҳанд, бардорад ва барои коҳиши фишори буҳрони маишатӣ аз души мардум гомҳои зарурӣ бардорад.

Сафири Амрико дар ин нома ҳамчунин ба нахуствазири Лубнон эътироз карда, ки чаро артиш дар замони эътирозот ба майдон омадааст. Ў бидуни ишора ба ҳамлаи афрод ба марокизи давлатӣ ва умумӣ мисли бонкҳо ва оташ задани онҳо гуфтааст: Маъмурияти артиш тақобул бо мардум барои сарпуш гузоштан бар кӯтоҳии давлат дар анҷоми маъмуриятҳояш нест... ва беҳтар аст неруҳои амнияти дохилӣ маъмурияти ҳифозат аз амният ва пайгирии ихлолкоронро бар уҳда бигиранд.

Сафири Амрико дар ин нома ҳамчунин ба он чи онро «ҳимояти Амрико аз артиши Лубнон дар чорчуби барномаи кумакҳои баландмуддат» хонда низ ишора ва ибрози умедворӣ карда, ки барои ҳокимият ва истиқлоли Лубнон талош кунад ва дар рӯёрӯии мустақим бо муътаризон набошад.