Май 04, 2020 08:28 Asia/Dushanbe
  • Чаро ДИИШ дубора дар Ироқ сар баровард?

Аносури гурӯҳи террористии ДИИШ бо ҳамла ба неруҳои басиҷи мардумии Ироқ, даҳҳо нафар аз ин неруҳоро ба шаҳодат расонда ва ё захмӣ карданд.

Дар даргириҳои шадиди бомдоди шанбе дуввуми май, неруҳои басиҷи мардуми (Ҳашдушшаъби)-и Ироқ бо аносури террористи ДИИШ дар минтақаи Балад ва Мекишфа дар ҷануби Тикрит ва шимоли Сомиро дар вилояти Салоҳиддин 10 нафар аз неруҳои Ҳашдушшаъби шаҳид ва чаҳор нафар низ захмӣ шуданд. Рӯзи якшанбе низ аносури ДИИШ ба як мақоми амниятии полис дар шимоли шарқи устони Диёла ҳамла карданд, ки дар ин ҳамла низ 13 нафар аз ҷумла чандин неруи амниятӣ шаҳид ва захмӣ шуданд.

 Далелҳои пайдоиши дубораи таҳдиди ДИИШ дар Ироқро метавон дар се нуктаи аслӣ хулоса кард.

Нахуст ин ки аносури ДИИШ рустоҳои матрука (холӣ аз аҳолӣ) дар марзҳои миёни Диёла ва Салоҳиддинро барои даври нави фаолиятҳои худ интихоб карданд. Ин рустоҳо аз як сӯ холӣ аз аҳолӣ ҳастанд ва аз сӯи дигар неруҳои амниятӣ таваҷҷуҳи камтаре ба ин рустоҳо доранд. Аз ин рӯ аносури ДИИШ озодии амали бештаре барои тарҳрезии амалиёти худ аз дохили ин рустоҳо доранд. Бар ҳамин асос, фармондеҳи неруҳои басиҷи ашоири Ироқ эълом кард, ки рустоҳои матрука  ба манбаи таҳдиде барои устони Диёла ва рустоҳои минтақаи озод шудаи Ал-Азим ва ҳамчунин ба нуқтаи ҷазби террористҳои ДИИШ ва боқимондаҳои онҳо табдил шудааст.

Дуввумин нукта ин аст, ки таҳдиди  ДИИШ дар Ироқ ҳамзамон бо фишори ироқиҳо барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ афзоиш пайдо кардааст. Парлумони Ироқ рӯзи 5 январ ва ду рӯз пас аз террори сардорони Муқовимат тарҳи хуруҷи низомиёни амрикоиро тасвиб кард. Мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ низ дар моҳҳои ахир бар хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ ва иҷроӣ шудани мусаввабаи парлумон исрор доранд. Таҳлилгарони зиёде ва ҳамчунин шуморе аз шахсиятҳои ироқӣ бар ин бовар ҳастанд, ки афзоиши дубораи таҳдидҳои ДИИШ бо ҳамоҳангии Амрико анҷом мешавад то ин паёмро ба мардум, гурӯҳҳо ва давлати Ироқ мунтақил кунад, ки дар сурати хуруҷи низомиёни амрикоӣ, фаолияти ДИИШ дар Ироқ афзоиш пайдо хоҳад кард. Дар воқеъ, амрикоиҳо талош доранд бо ҳимоят аз ДИИШ ва иқдомоти он, заминаи идомаи ҳузури низомиёни худ дар Ироқро фароҳам кунанд.

Нуктаи севвум ин аст, ки афзоиши дубораи фаолиятҳои ДИИШ дар Ироқ иртиботи мустақиме бо вазъияти шиканандаи сиёсӣ дар ин кишвар дорад. Ироқ аз якуми декабри 2019  то кунун бо давлати пешбурди умур идора мешавад ва ҳануз кабинаи Мустафо Ал-Козимӣ низ ташкил нашудааст. Ин дар ҳоле аст, ки халаи сиёсӣ беҳтарин фурсат барои рушди таҳдидҳои ДИИШ аст. Дар чунин шароите, бахши зиёде аз тамаркузи давлати пешбурди умур ба раёсати Одил Абдулмаҳдӣ низ сарфи муқобила бо вируси маргбори корона шудааст. Террористҳои ДИИШ аз вазъияти сиёсии Ироқ ва шароити ин кишвар барои муқобила бо вируси корона сӯистифода карда ва бархе манотиқро ҳадаф қарор додаанд.

 

Барчасп