Шӯрои интиқолии ҷануби Яман ҳамчунон мусаммам ба худмухторӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i53335-Шӯрои_интиқолии_ҷануби_Яман_ҳамчунон_мусаммам_ба_худмухторӣ
Шурои интиқолии ҷануби Яман эълом кард, ба худмухторӣ дар остонҳои ҷанубӣ пойбанд аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 04, 2020 15:29 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои  интиқолии ҷануби Яман ҳамчунон мусаммам ба худмухторӣ

Шурои интиқолии ҷануби Яман эълом кард, ба худмухторӣ дар остонҳои ҷанубӣ пойбанд аст.

Шӯрои интиқолии ҷануби Яман бо вуҷуде, ки аз дархости этилофи арабӣ барои иҷрои тавофуқи  Риёз истиқбол карда буд, аммо эълом кард, ба худмухторӣ дар остонҳои ҷанубӣ пойбанд аст. 
 
 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз исно, Аҳмад Саид Бин Брик, Раиси анҷумани миллии ин шӯро гуфт :ҳеҷ бозгашт ва инсироф аз эъломи худмухторӣ дар ҷануб вуҷуд надорад. 
 
Вай афзуд, далоиле, ки шӯрои интиқолиро маҷбур кард худмухторӣ эълом кунад вазъияти фоҷиабори ҷануби Яман ва ба ба хусус Аден ва бемасъулиятии давлати мустаъфи буд. Давлати худмухтори дар ҷануб ташкил шуда, ки боқи бимонд. 
 
Шӯрои интиқоли ҷануби  Яман 25 апрел дар шаҳрҳои ҷанубӣ ва остони Аден, пойтахти муваққати давлати мустаъфи ҳолати фавқулода ва худмухторӣ эълом кард.