Май 11, 2020 19:27 Asia/Dushanbe
  • Аксарияти сокинони Қудси Шарқӣ шаҳрвандии фаластиниро тарҷеҳ медиҳанд

Аксарияти сокинони Қудси Шарқӣ тарҷеҳ медиҳанд ба ҷои тобеияати исроилӣ, тобеияти фаластинӣ дошта бошанд.

Бино ба гузориши радиои Садои Хуросон ин назарсанҷӣ, ки аз сӯи "маркази пажуҳишҳои сиёсии Қудс" байни солҳои 2018 то 2020 анҷом шуда нишон медиҳад, ки  85 дар сади сокинони Қудси шарқӣ тобеияти фаластиниро ба ҷои тобеияти исроилӣ тарҷеҳ медиҳанд.

Расонаҳои исроилӣ эълом карданд, бар асоси назарсанҷие, ки ин марказ байни солҳои 2010 то 2015 анҷом дода буд 52 дар сади сокинон эълом карда буданд, ки тарҷеҳ медиҳанд таҳти ҳукумати Исроил зиндагӣ кунанд ва тобеияти фадастиниро канор бигузоранд.

Ба гуфтаи ин марказ, далели ин тағири муҳим фаъолиятҳои ҳамос ва ҷунбиши исломии Фаластин дар шарқи Қудс ва паёмадҳои амалиётҳои панҷ соли пеши фаластиниҳо алайҳи Исроил аст, ки шиддати танишҳо миёни Исроил ва Фаластин дар атрофи Масҷидул Ақсоро афзоиш дод.

Барчасп