Октябр 04, 2016 12:09 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Арабистон бо ташкили кумитаи ҳақиқатёб дар Яман

Арабистони Саудӣ даъвати камиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳидро барои ташкили кумитаи байналмилалии ҳақиқатёб дар бораи Яман рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, кобинаи давлатии Арабистон рӯзи душанбе ва дар поёни нишасти ҳафтагии худ бо дархости камиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид, мабнӣ бар ташкили кумитаи байналмилалии ҳақиқатёб дар бораи таҷовузи Арабистон ба Яман мухолифат кард.

Зайд Раъд ал-Ҳусайн, камиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид ташкили ҳайати байналмилалии мустақил барои таҳқиқ дар заминаи ҷиноёти ҷангии Арабистон дар Яманро хостор шуд.

Созмони афви байналмилал ва Созмони дидабони ҳуқуқи башар ҳам аз Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид хостаанд узвияти Арабистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милалро то таваққуфи ҳамалоти ин кишвар ба Яман ба ҳолати таъхир дароварад.

Созмони афви байналмилал аз давлати Англияву Амрико низ хост, ки фурӯши таслеҳот ба Риёзро мутаваққиф кунанд.

СММ пештар Арабистонро ба иллати иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар феҳристи сиёҳ қарор дод, аммо баъд аз фишорҳои режими Оли Сауд аз тасмими худ сарф назар кард.

 Арабистон бо ҳамкории бархе кишварҳои арабии минтақа ва бо ҳамроҳии Амрико аз марти соли 2015 ҳамалоти густардаеро ба Яман оғоз кардааст ки бар асари ин ҳамалот ҳазорон яманӣ кушта ва захмӣ шудаанд.