Май 15, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Ироқ хостори таътилии як шабакаи саудӣ шуд

Комиссияи иртиботот ва иттилоърасонии маҷлиси Ироқ баста шудани шабакаи саудии “MBC” - ро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Комиссияи иртиботот ва иттилоърасонии маҷлиси Ироқ бо интишори баёнияе эълом кард, шабакаи саудии “MBC” дар солҳои гузашта аз роҳҳои мухталиф ба шахсиятҳои ироқӣ иҳонат карда ва кор ба ҷое расидааст, ки ба як шахсияти миллӣ ва муборизе монанди Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси шаҳиди Созмони Басиҷи Мардумии Ироқ иҳонат мекунад.

Ин комиссия таъкид кард, шабакаи “MBC” -и саудӣ ба далели тавҳин ба шаҳид Алмуҳандис ва гумроҳсозии амдӣ, бояд баста шавад.

Фолеҳ Алфайёз, раиси “Ҳашдушшаъби”-и Ироқ низ зимни шикоят аз шабакаи саудии “MBC”  таъкид кард, чунин расонаҳо дар пайи таҳрифи саргузашти қаҳрамонони Ироқ ҳастанд.

Шабакаи телевизионии “MBC” шаҳид Алмуҳандисро, ки ҳамроҳ бо сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи севуми январи соли 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ, наздики фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд, террорист хонда буд.