Май 16, 2020 09:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи болгардҳои режими саҳюнистӣ ба Сурия

Расонаи давлатии Сурия (Сано) аз ҳамлаи болгардҳои режими саҳюнистӣ ва вуқӯи як инфиҷор дар атрофи шаҳри Ҳалаб хабар дод.

Ба нақл аз ИСНА, болгардҳои режими саҳюнистӣ чандин мушак аз иртифооти Ҷавлон шиллик карданд, ки хисороти маҳдудеро ба бор овардааст.

Болгардҳои режими саҳюнистӣ сайтҳо ва мақарҳои муртабит бо Эрон дар атрофи шаҳри Ҳалабро ҳадаф қарор додаанд.

Чанд рӯзи гузашта низ расонаи давлатии Сурия (Сана) эълом карда буд, ки падофанди ҳавоии артиши Сурия муваффақ ба раҳгирии ҳамалоти мушакии режими саҳюнистӣ ба Ҳалаб шудааст.