Май 27, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Нақзи ҳарими ҳавоӣ ва заминии Лубнон

Манобеи лубнонӣ аз нақзи ҳарими ҳавоӣ ва заминии Лубнон аз сӯи режими саҳюнистӣ, ҳамзамон бо солрӯзи озодии ҷануби ин кишвар аз ишғоли саҳюнистҳо хабар доданд.

Ба гузориши ИСНА, даҳҳо сарбози исроилӣ имрӯз (чаҳоршанбе) аз навори марзӣ муқобили шаҳраки Итруни Лубнон убур карда ва аз минтақаи марзӣ боздид карданд.

Ҳамчунин ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бар фарози минтақаи Албақои ғарбӣ ва Бейрут парвоз ва ҳарими ҳавоии Лубнонро нақз карданд.

Ин нақзҳо дар ҳоле сурат гирифта, ки лубнониҳо дар ҳоли баргузории маросими солрӯзи озодии ҷануби ин кишвар аз ишғоли Исроил дар соли 2000 ҳастанд.

Ҳассон Диёб, нахуствазири Лубнон низ дар суханоне дар боздид аз мақари нерӯҳои байналмилалӣ дар ҷануби Лубнон, дар Анноқура, бо баёни ин матлаб гуфт: “Мо аз Созмони Милал мехоҳем то душмани исроилиро барои иҷрои Қатъномаи 1701 ва ақибнишинӣ аз заминҳои ишғолшудаи Лубнон уҳдадор кунад”.

Вай идома дод: “Мо ба иҷрои Қатъномаи 1701 ва ба нақши Созмони Милал бидуни ҳеҷ тағйире пойбанд ҳастем”.