Иқомаи намози ҷумъа муқобили дарҳои Масҷидулақсо
(last modified Fri, 29 May 2020 14:05:29 GMT )
Май 29, 2020 19:05 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози ҷумъа муқобили дарҳои Масҷидулақсо

Ба дунболи таътилии Масҷидулақсо ба далели шуюъи корона аз ду моҳ қабл, садҳо фаластинӣ намози субҳи имрӯз (ҷумъа) - ро дар муқобили яке аз дарҳои бастаи ин масҷид иқома карданд.

Ба гузориши ИСНА, ба нақл аз сайти “Арабӣ 21”, нерӯҳои ишғолгари режими саҳюнистӣ ба баҳонаи муқобила бо шуюъи вируси корона ҳамчунон Масҷидулақсоро баста ва монеъ аз иқомаи намоз дар он мешаванд, аммо масъулони масҷид ин иқдоми режими саҳюнистиро навъе сиёсати систематикӣ медонанд, ки ҳадаф аз он доштани контрол бар замони боз шудани Масҷидулақсо аст.

Дар миёни фарохонҳо барои боз шудани Масҷидулақсо ва мухолифат бо маҳдудиятҳои режими саҳюнистӣ бар намозгузорон ва аҳолии Қудси ишғолӣ ҳаштаги “Ҷумъаи боз шудани Масҷидулақсо” дар шабакаҳои маҷозӣ бознашр шуд.

Ҳамзамон бо ин амр нерӯҳои режими ишғолгар низ аз соъоти аввалияи субҳи имрӯз бо ҳадафи эъмоли маҳдудият бар сокинони Қудс ва мамониат аз вуруди онҳо ба вурудиҳои Масҷидулақсо, дар минтақаи Бобуолмувод ва вурудиҳои водии Ҳалва дар шаҳраки Силвон истҳои бозрасӣ насб карданд.