Май 29, 2020 21:20 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тарҳи қарантина дар шаҳри Наҷаф

Роҳҳои иртиботӣ ба устони Наҷафи Ироқ аз имрӯз, 29 май бо ҳадафи муқобила бо шуюъи корона ба таври комил баста шуд.

Ба гузориши ИСНА, ситоди буҳрони Наҷаф бо бастани комили роҳҳои васлкунандаи он, монеъ аз вуруди мардуми шаҳрҳои дигар ба ин устон шуд.

Ин ситод ҳамчунин муқаррар кард, зимни идомаи муқаррароти манъи омадурафт, бахше, ки аз соати 22 то ҳафти субҳ барқарор аст, тадобир ва иқдомот барои контроли вуруду хуруҷи ин устон ташдид шавад.

То кунун дар Ироқ ҳудуди панҷ ҳазор тан ба корона мубтало шуда ва аз ин теъдод 179 тан ҷон бохтаанд.