Барканории беш аз 12 ҳазор полис дар Туркия
Вазорати кишвар Туркия дар идомаи поксозии ташкилоти полиси ин кишвар аз тарафдорони Фатҳуллоҳ Гулен, тасмим ба барканори 12 ҳазору 700 нафар аз коркунони полис гирифтааст.
Ба иттилои хабаргузори Садо ва Симо, вазорати кишвари Туркия парвандаҳои ин афродро аз дирӯз ба 81 устони ин кишвар ирсол кардааст.
Бештари полисҳои ихроҷӣ марбут ба Анкара, Диёрбакир ва Измир ва ҳудуди 2 ҳазору 600 нафари онон аз русои полиси манотиқи мухталифи ин кишвар ҳастанд.
Пас аз кудатои 15-и июли гузашта дар Туркия беш аз сад ҳазор нафар аз нерӯҳои полис, хабарнигорон, муаллимон ва кормандони дастгоҳҳои идорӣ ва иҷроии ин кишвар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи Гулен аз кор бар канор ва ҳудуди 32 ҳазор нафар боздошт шудаанд.
Ба тозагӣ Камол Қаличдор Уғлу, раҳбари Ҳизби ҷумҳурии халқ - бузургтарин ҳизби мухолифи давлати Туркия гуфта, ки Туркия пас аз кудато ба як шибҳзиндон табдил шудааст.