Боздошти раиси вилояти Қудс ва узвҳое аз Ҷунбиши фатҳ
(last modified Tue, 02 Jun 2020 04:14:50 GMT )
Июн 02, 2020 09:14 Asia/Dushanbe
  • Боздошти  раиси вилояти  Қудс ва узвҳое аз Ҷунбиши фатҳ

Раиси вилояти Қудс ва узвҳое аз Ҷунбиши фатҳ боздошт шуданд.

Ба гузориши радиои  бурунмарзии Садои  Хуросон  ба  нақл аз ИСНО, дабири кулли Ҷунбиши фатҳ  аз  иқдоми саҳюнистҳо  дар  саркуби тазоҳуроте  дар  ҳимоят  аз Фаластин ва  боздошти  Аднон Ғайс- раиси вилояти Қудс ва бархе аъзои Ҷунбиши фатҳ  ба хотири мушорикат  дар ин таҷаммуъ хабар дод.

Ин таҷаммуъ дар муқобили қароргоҳи Созмони озодибахши Фаластин  дар Қудси ишғолӣ  баргузор  шуд.

Дабири  кулли  Ҷунбиши фатҳ  гуфт, ки ба рағми ин фаолитҳое барои баргузории роҳпаймоии "ёрии миллати Фаластин"  дар  Қудси  ишғолӣ идома  дорад.

Мардуми Фаластин пайкари шаҳиди Аёд Ал-Ҳилоқ- ҷавони маъюби фаластиниро дар миёни тадбирҳои шадиди амниятӣ аз сӯи саҳюнистҳо ба хок супориданд.

Аёд Хайри Ал-Ҳилоқ, ахиран дар тирпаронии мустақими саҳюнистҳо дар минтақаи водии Ал-Ҷавз дар Қудси ишғолӣ ба  шаҳодат  расид.