Июн 14, 2020 14:47 Asia/Dushanbe
  • 12 кушта ва захмӣ дар ҳамлаи ДОИШ ба шарқи Ироқ

Дар ҳамлаи террористҳои ДОИШ ба рустое дар вилояти Диёла дар шарқи Ироқ 12 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, унсурҳои баҷомонда аз ДОИШ шанбешаб ба рустои курднишини Михос дар шимоли шаҳри Хонақайни вилояти Диёла ҳамла карда ва бо аҳолӣ ва неруҳои амниятӣ  даргир шуданд.

Дар ин даргирӣ шаш нафар кушта ва шаш нафар захмӣ шуданд.  

Рӯзи ҷумъа низ террористҳои  ДОИШ пас аз вуруд ба хонаи яке аз аҳолии рустои  Доро дар Хонақайн  ду нафарро куштанд ва ду нафарро рабуданд.

Вилояти Диёла дар шарқи Ироқ аз конунҳои аслии фаолият ва амалиёти террористии боқимондаи унсурҳои  ДОИШ аст.

Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДОИШ  дар манотиқи шимол ва ғарби Ироқ, ҳамчунон бархе унсурҳои ин гурӯҳ махфиёна дар ин кишвар фаолият мекунанд.

 

Барчасп