Сабти болотарин омори рӯзонаи қурбониёни корона дар Арабистон
Вазорати беҳдошти саудӣ якшанбешаб аз сабти болотарин омори рӯзонаи қурбониёни корона аз замони густариши ин вирус дар Арабистон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Вазорати беҳдошти Арабистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо сабти 40 мавриди марг бар асари КОВИД-19, шумори қурбониёни вируси корона дар ин кишвар ба 972 нафар расидааст.
Вазорати беҳдошти Арабистон теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ин кишварро низ 127 ҳазору 541 нафар эълом кард, ки ин рақам дар муқоиса бо омори рӯзи шанбеи ин вазоратхона, чаҳор ҳазору 233 нафар афзоиш нишон медиҳад.
Оморҳои Вазорати беҳдошти Арабистон дар ҳоле аст, ки бисёре аз коршиносон шумори мубталоён ва талафоти вируси корона дар ин кишварро ба маротиб бештар аз оморҳои расмӣ медонанд.