Июн 17, 2020 21:35 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Сурия дар СММ: Амрико бо буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ шудааст

Намояндаи Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, иқдомоти давлати Амрико алоими буҳрони сиёсӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия “САНА”, Башшор Ҷаъфарӣ, намояндаи Сурия дар СММ рӯзи сешанбе дар нишасти маҷозии Шӯрои амният гуфт, Амрико бо эъмоли таҳримҳо, мардуми Сурияро ҳадаф қарор дода ва аз тарафи дигар Димишқро масъули вахомати шароити зиндагии шаҳрвандони сурӣ медонад, ки ин иқдомот алоими буҳрони сиёсӣ дар Вашингтон аст.

Намояндаи Сурия дар СММ афзуд, иқдоми Амрико барои коҳиши арзиши лира, воҳиди пули Сурия ва мамониат аз ирсоли ғизо, дору ва ҳамзамон муттаҳам кардани Димишқ ба кӯтоҳӣ дар таъмини ниёзҳои мардуми ин кишвар, дурӯғи кишварҳои ғарбӣ дар бораи масоили ҳуқуқи башарӣ ва умури башардӯстонаро ошкор кард.

Башшор Ҷаъфарӣ таъкид кард, ки таҳримҳои иқтисодии золимона ваҷҳаи дигари терроризм аст, ки ҳамчунон бахше аз сиёсатҳои суннатӣ ва кӯри ғарбиҳост, ки дастовардҳои суриҳо алайҳи терроризмро нобуд мекунад, ба ҳамин хотир бояд ин таҳримҳо барчида шавад.

Ҷаъфарӣ ҳамчунин гуфт, Амрико рӯзона 200 ҳазор бушка нафт аз майдонҳои нафтии Сурияро ба сирқат мебарад ва ҳазорон гектар аз мазореи гандуми ин кишварро оташ мезанад.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористӣ, мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон оғоз шуд.

 

 

 

Барчасп