Июн 20, 2020 16:03 Asia/Dushanbe
  • Чароии таҳримҳои нави Амрико алайҳи Сурия

Давлати Амрико 39 фард ва ниҳоди дар иртибот бо низоми ҳоким дар Сурия аз ҷумла Башор Асад, раиси ҷумҳури ин кишвар ва ҳамсари вай Асмоъ Асадро чаҳоршанбеи гузашта бар асоси қонуни мавсум ба Сезор таҳрим кардааст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико муддаӣ шуд таҳрими нав алайҳи Сурия барои мутаваққиф кардани ҷанги ҳукумати Сурия алайҳи мардум ин кишвар, иҷроӣ шудааст ва ин таҳримҳо дар моҳҳои оянда, бештар низ хоҳад шуд. Бидуни шубҳа, ин иддаои Помпео сирфан як шиори авомписандонааст ва воқеияти ҳадаф аз таҳримҳои Амрико алайҳи Сурияро нишон намедиҳад.

Сурия аз соли 2011 то кунун бо ҷанги террористӣ мувоҷеҳ аст. Шаҳрвандони беш аз 80 кишвари узви гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд, ки бо низоми Сурия меҷанганд. Амрико дар ин ҷанги террористӣ ошкоро дар муқобили низоми Сурия қарор гирифт. Дар ҳоле, ки Вашингтон муддаии мубориза бо терроризм аст, дар Сурия террористҳоро ба «хуб» ва «бад» тақсим карда ва ҳомии террористҳои хуби мадди назари худ аст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз муттаҳидони Амрико дар минтақаи Ғарби Осиё низ расман аз гурӯҳҳое ҳимоят карданд, ки Вашингтон онҳоро дар зумраи террористҳои бад қарор дод. Бароянди ин рӯйкарди давлати Амрико ва муттаҳидонаш дар Ғарби Осиё, барандозии низоми Сурия яъне ҳадафи аслии онҳо аз таҳаввулоти Сурия набуд, аммо ин рӯйкард яке аз далелҳои аслии кушта ва захмӣ шудани садҳо шаҳрванди сурӣ, аз байн рафтани сохтори зиндагӣ дар Сурия ва ҳамчунин оворагии беш аз 11 миллион сурӣ дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар аст. Бино барин, ин иддао, ки таҳрим бо ҳадафи таваққуфи ҷанг алайҳи шаҳрвандони сурӣ вазъ ва иҷроӣ мешавад, бо амалкарди воқеӣ дар таноқуз ва тазоди ошкор аст.

Воқеият ин аст, ки таҳримҳои ҷадид бо ҳадафи эҷоди бадбинӣ ва таҳрики афкори умумӣ алайҳи низоми Сурия ва ҳамчунин афзоиши нобасомониҳо ва мушкилоти иқтисодии дохилӣ вазъ мешавад ва ҳадафи ниҳоӣ низ эҷоди шуриш алайҳи низоми ҳоким аст. Бар ҳамин асос низ шуморе аз афроде, ки ҳадафи таҳрими Амрико қарор гирифтанд аз қавмҳои Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд. Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари барҷастаи ҷаҳони араб дар рӯзномаи Раъй-ал-Явм дар ин хусус навишт: Амрико бо ҳадафи ба зону даровардани миллатҳо чунин таҳримҳоеро вазъ мекунад ба ин умед, ки алайҳи низомҳои ҳукуматӣ шуриш ва онҳоро сарнагун кунад.

Нуктаи дигар ин аст, ки Амрико бо ин таҳримҳо дар пайи интиқом аз афрод ё ниҳодҳое аст, ки дар 9 соли гузашта нақши барҷастае дар мубориза бо терроризм дар Сурия ва ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар ифо карданд. Бар ҳамин асос низ бархе аз фармондеҳони низомии Сурия ва ҳамчунин «Лашкари фотимиюн» дар зумраи 39 фард ва ниҳоде қарор доранд, ки тавассути давлати Амрико таҳрим шуданд.

Нуктаи поёнӣ ин аст, ки истифодаи такрории Амрико аз абзори таҳрим алайҳи Сурия собит мекунад, ки давлати Амрико ва муттаҳидонаш дар арсаи майдонӣ ва амалиётӣ дар Сурия бо шикаст  рӯбарӯ шудаанд ва иддаои ҳимоят аз ғайринизомиёнро низ касе намепазирад. Башор Ал-Ҷаъфарӣ, намояндаи доими Сурия дар Созмони Миллал дар ин хусус унвон мекунад, ки ин иқдом, нишонаи дурӯии сиёсии Амрико аст, ки аз як сӯ таҳримҳои камаршикан алайҳи Сурия таҳмил ва аз терроризм ҳимоят мекунад ва манобеи Сурияро ба ғорат мебарад ва аз сӯи дигар барои вазъияти маишати шаҳрвандони сурӣ ибрози нигаронӣ мекунад.