Июн 22, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Даъвати ҷунбиши Фатҳ ба маросими 22 июни фаластиниён алайҳи нақшаи ҳамроҳшавӣ

Ҷунбиши Фатҳ аз шаҳрвандони фаластинӣ хост, дар эътироз ба нақшаи илҳоқи бахшҳое аз Коронаи Бохтарӣ ба арозии ишғолӣ, ба самти Агвар (дараҳои Урдун) роҳпаймоӣ кунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Исна, ин ҷунбиш ҳамчунин аз шаҳрвандони фаластинӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон хост, то дар эътироз бо ин нақшаи Исроил роҳпаймоие баргузор кунанд, бо ин паёми воҳид, ки "ҳаргиз нақшаи ҳамроҳшавӣ барои ҳеч бахше аз арозии фаластинӣ иҷро намешавад."

Дар ҳамин росто Ҷабраил ар-Раҷуб, котиби Кумитаи марказии Ҷунбиши Фатҳ, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт: "Дар ин марҳила дар байни интихоби фаластиниён як тавофуқи назарӣ вуҷуд дорад, аммо агар нақшаи илҳоқ анҷом шавад  ва  иҷмои назар дар мавриди гузинаи дигаре дар байни фаластиниён вуҷуд дошта бошад, мо омодаи пазириш ҳастем, мо танҳо азоб нахоҳем кашид ва танҳо нахоҳем мурд."

Ар-Руҷуб  илова кард, ки намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳбарии Николай Меладинов, ҳамоҳангсози махсуси СММ оид ба сулҳ дар Шарқи Наздик, намояндаи Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони кишварҳои араб ва хориҷӣ дар ин марш, ки дар Урдун баргузор хоҳад шуд, ширкат хоҳанд кард.