Июн 23, 2020 11:10 Asia/Dushanbe
  • Арабистони саудӣ: Ҳаҷи имсол ба сурати маҳдуд баргузор мешавад

Вазорати ҳаҷи Арабистон эълом кард, ки ба далели шуйюи вируси корона, қасд дорад маросими ҳаҷи имсолро ба сурати маҳдуд баргузор кунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,  дар паи шуйюи коррна, Вазорати ҳаҷи Арабистони саудӣ тасмим гирифтааст, ки маносики ҳаҷи соли 1441 ҳиҷрии қамариро бо теъдоди бисёр маҳдуд ва барои касоне, ки тамоюл ба анҷоми маносики ҳаҷ доранд ва аз шаҳрвандони мухталифе, ки танҳо дар дохили Арабистони саудӣ ҳузур доранд баргузор кунад.

Салмон бин Абдулазиз оли сауд, подшоҳи саудӣ бо шуйюи корона ва сабти мавридҳои мусбати ибтило дар Арабистон дастур дод, ки умра барои умрагузорони ғайри арабистонӣ бекор шавад ва баъдҳо баргузории намоз дар Масҷидулҳаром низ мамнуъ шуд.

Рӯзномаи Financial Times-и Англис рӯзи ҷумъа ба нақл аз мақоми баландпояе  дар Вазорати ҳаҷу умраи саудӣ гузориш дода буд, ки Арабистони саудӣ тасмим гирифта ба далели идомаи шуйюи корона имсол ҳаҷи таматтуъро бекор кунад.