Июн 23, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳ: Исроил думболи

Вазири иттилоърсонии Давлати наҷоти миллии Яман дар суханоне аз талоши режими саҳюнистӣ барои пайдо кардани як "ҷои по" дар Яман ба кумаки Аморот парда бардошт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, ба навиштаи рӯзномаи фароминтақаии Ал-Қудс-ул-Арабӣ, Зайфуллоҳ Алшомӣ, вазири иттилоърасонии Давлати наҷоти миллии Яман дар суханоне изҳор кард: Душмани исроилӣ, Яманро таҳдиде барои мавқеияти худ медонад ва дар пайи эҷоди як ҷои по дар Яман ба воситаи Аморот аст.

Вай афзуд: Як иртибот (дар Яман) бо режими саҳюнистӣ вуҷуд  дорад ва он чи аз ин иртибот то кунун фош шудааст, дидори Холид Ал-Имонӣ, вазири умури хориҷаи давлати истеъфодода бо Натанияҳу ва изҳороти мақомоти Шурои интиқолии ҷануби Яман аст.

Холид Ал-Имонӣ дар нишасти феврали 2019-и Варшава дар канори Бенямин Натанияҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ нишаст ва пас аз мушкили фаннии микрафон Натанияҳу фавран микрафони худро дар ихтиёри ӯ гузошт ва бо ханда гуфт: Ҳамкорӣ аз ҳаминҷо оғоз шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи "Исроил- Ҳиюм" низ якшанбе дар гузорише бо унвони "Дӯсти маҳрамонаи нави Исроил дар Яман" навишт: Муздурони Аморот дар Шурои интиқолии ҷануби Яман мавзеъи мусбате дар баробари Исроил доранд, аммо Исроил ҳануз равобити дипломатики расмӣ бо ин шуро барқарор накардааст.