Июн 24, 2020 18:14 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори нозирони оташбаси эътилофи саудӣ дар ҷануби Яман

Нозирони оташбаси эътилофи саудӣ дар ҷануби Яман мустақар шуданд.

Ба гузориши “Форс”, вебгоҳи хабарии шабакаи “Аларабия, ба нақли эътилофи саудӣ, имрӯз (чаҳоршанбе) гузориш дод, ки нозирони эътилоф барои пойиши нақзи оташбас миёни нерӯҳои “Алмаҷлис Алинтиқол Алҷануби” (Шӯрои интиқолии ҷануб таҳти ҳимояти Иморот) ва нерӯҳои давлати мустаъфӣ (таҳти ҳимояти саудӣ) Яман вориди Абин (ҷануби Яман) шуданд.

Эътилоф дар ин хусус гуфт, ки нерӯҳои Шӯрои интиқолӣ ва давлати мустаъфии Яман бар лузуми пойбандӣ ба оташбас ва ҳамчунин иҷрои тавофуқи Риёз таъкид карданд.

 Пештар манобеи яманӣ аз даргирии шадиди нерӯҳои Шӯрои интиқолӣ ва давлати мустаъфии Яман дар Абин хабар дода буданд. Пас аз ин хабар, эътилофи саудӣ эълом кард, ки тарафайни даргир бо оташбас мувофиқат карданд ва қарор аст барои назорат бар ин оташ нозироне ба минтақа эъзом шаванд.

Чанд соат пас аз эълом ин хабар, манобеи яманӣ гузориш доданд, ки бо вуҷуди эъломи эътилофи саудӣ мабнӣ бар оташбас дар устонҳои ҷанубии Яман, нерӯҳои Шӯрои интиқолии ҷануб ва давлати мустаъфии Яман бо якдигар даргир шуданд.