Афви Байналмилал: Тарҳи пайвастани заминҳои Фаластин боиси тақвияти қонуни ҷангал мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i55029-Афви_Байналмилал_Тарҳи_пайвастани_заминҳои_Фаластин_боиси_тақвияти_қонуни_ҷангал_мешавад
Созмони Афви Байналмилал эълом кард, масъулони исроилӣ бояд фавран аз иҷрои тарҳи ишғоли заминҳои Каронаи бохтарӣ даст бардоранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 01, 2020 14:34 Asia/Dushanbe
  • Афви Байналмилал: Тарҳи пайвастани заминҳои Фаластин боиси тақвияти қонуни ҷангал мешавад

Созмони Афви Байналмилал эълом кард, масъулони исроилӣ бояд фавран аз иҷрои тарҳи ишғоли заминҳои Каронаи бохтарӣ даст бардоранд.

Ба гузориши “Форс”, ин ниҳоди байналмилалӣ дар гузориши имрӯзи худ таъкид кард, ки иҷрои тарҳи ишғол дар воқеъ “қонуни ҷангал”- ро тақвият мекунад ва масъулони исроилӣ бояд фавран аз тарҳи ишғоли ҳарчӣ бештари заминҳои Каронаи бохтарии ишғолӣ даст бардоранд.

Ин ниҳод гузориш дод, ишғоли Каронаи бохтарӣ ноқизи ҳуқуқи байналмилал аст ва пас аз даҳаҳо нақзи ҳадафманди ҳуқуқи башар алайҳи мардуми Фаластин дар он минтақа, ин вазъиятро вахимтар мекунад.

Афви Байналмилал аз ҷомеаи байналмилал хост, ки алайҳи пешниҳодҳои марбут ба ишғоли заминҳои Фаластин ва шаҳракҳои саҳюнистнишин иқдомоти қотеъ анҷом диҳад.

Солеҳ Ҳиҷозӣ, муовини бахши Ховари Миёна ва шимоли Африқо дар Афви Байналмилал ҳам дар ин замина гуфт, ки “ҳуқуқи байналмилал дар ин замина бисёр возеҳ аст: илҳоқ ғайри қонунӣ аст”.

Ҳиҷозӣ таъкид кард, ки идомаи ин сиёсат тавассути Исроил нишон медиҳад, ки (ин режим) ҳуқуқи байналмилалро нодида мегирад.