Июл 06, 2020 20:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷиҳоди исломӣ: Бо тамоми қувва дар баробари Исроил меситем

Узви дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин бо таъкид бар лузуми муқовимати мардумӣ дар баробари режими саҳюнистӣ гуфт, ки таҳдидҳои лафзии Ташкилоти худгардон , ҳеч арзише барои ин режим надорад .

 
 «Муҳаммад Ал-ҳиндӣ » узви дафтари сиёсии Ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард, ки бояд дар баробари тарҳи ишғоли Каронаи Бохтарӣ истодагӣ кард .
 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садоии Хуросон , Ал-Ҳиндӣ гуфт, ки « тарҳи илҳоқ , аз солҳо пеш вуҷуд дошта ва аз ҳимояти қавонини саҳюнистӣ бархурдор будааст , вале Натанияҳу ва Трамп барои ваъдаҳои интихоботии худ , онро аланӣ карданд».

Навигариҳои саҳюнистӣ дар бораи нақшаи ишғоли Коронаи Бохтарӣ, розигии саҳюнистиро дар ин нақша инъикос мекунад.
Вай бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ фақат ба рақобатҳои дохилии худ аҳамият медиҳанд , тасреҳ кард , ин режим ҳеч арзише барои Аврупо , Русия ва кишварҳои арабӣ қоил нест .
 Ал-Ҳинӣ бо таъкӣд бар ин ки таҳдидҳои лафзии ташкилоти худгардони Фаластин , ҳеч арзише барои режим саҳюнистӣ надорад , хотир нишон кард , агар Фаластин дар арсаи амал , қудрат дошта бошад , бидон аҳамият дода хоҳад шуд .
 Ин масъули фаластинӣ идома дод , Фаластин бояд қудратманд шавад ؛ зеро кишварҳои ҷаҳон ба қудратманд эҳтироми ме‌гузоранд. Миллати Фаластини ҳам алайҳи муомилаи қарну тарҳи ишғол , муттаҳид ҳастанду ин иҷмоъ бояд аз як қудрате бархурдор бошад то дар сиёсат , вазн дошта бошад .
 Вай сиёсати ишғоли Каронаи Бохтариро хатаре барои кулли Фаластин  унвон ва таъкид кард, ки ин сиёсат боиси оворагӣ ва таҷзияи Карона хоҳад шуду фаластиниёни ҳозир дар арозии ишғолиро таҳти таъсири қарор хоҳад дод .