Июл 08, 2020 11:57 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Насруллоҳ аз қозии шуҷоъи лубнонӣ

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳукми қозии лубнонӣ алайҳи сафири Амрико дар Бейрут ҳимоят кард ва гуфт ба қозӣ Мозиҳ ва амсоли ӯ ифтихор мекунад.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайидҳасан Насруллоҳ шомгоҳи сешанбе дар суханоне дахолатҳои Амрико дар умури дохилии Лубнон ва низ танишофариниҳои Вашингтонро маҳкум кард ва ба мақомоти амрикоӣ гуфт: Ин давлати Лубнон аст, ки сарнавишти мардуми ин кишварро таъйин мекунад, на сафири Амрико ё вазорати хориҷаи он кишвар.

 Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин бо қадрдонӣ аз қозӣ Муҳаммад Мозиҳ, ки алайҳи сафири Амрико дар Бейрут ҳукм содир карда буд, вайро як қозии шуҷоъ, шариф ва миллӣ хонд, ки бар асоси эҳсоси масъулият ва дарки худ тасмим гирифт ба иқдомоти таҳрикомези сафири Амрико вокуниш нишон диҳад.

 Дороти Шеа-сафири Амрико дар Бейрут рӯзи 26 июн дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии саудии  Алҳадс муддаӣ шуд, ки Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон суботи ин кишварро таҳдид мекунад ва Вашингтон аз давлате, ки дар он Ҳизбуллоҳ ҳузур надошта бошад, ҳимоят мекунад.

 Як рӯз пас аз изҳороти Шеа, Муҳаммад Мозиҳ, қозии шаҳри Сур дар ҷануби Лубнон бо судури ҳукме сафири Амрикоро аз ҳар гуна изҳори назари расонаӣ дар Лубнон ва расонаҳои Лубнониро аз гуфтугӯ бо сафири Амрико ба муддати як сол манъ кард.

 Мозиҳ пас аз онки барои тавзеҳ додан дар бораи ҳукми худ алайҳи сафири Амрико дар Бейрут ба Шӯрои олии қазоии Лубнон фаро хонда шуд, аз мансаби худ истеъфо кард.

Пас аз изҳороти шаби гузаштаи Сайидҳасан Насруллоҳ, Муҳаммад Мозиҳ дар сафҳаи Фейсбуки худ зимни қадрдонӣ аз дабири кулли Ҳизбуллоҳ, ҳимояти Насруллоҳ аз ҳукмаш алайҳи сафири Амрико дар Бейрутро медали ифтихор бар гардани худ тавсиф кард.

 

Барчасп