Кушта ва захмӣ шудани 120 муздури Саудӣ дар Маариб
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i5524-Кушта_ва_захмӣ_шудани_120_муздури_Саудӣ_дар_Маариб
Манобеи амниятии Яман аз кушта ва захмӣ шудани 120 муздури Саудӣ, дар ҳамлаи мушакии Яман ба маҳалли таҷаммӯи муздурони Саудӣ дар минтақаи Сирвоҳ, тайи се рӯзи гузашта хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 06, 2016 09:56 Asia/Dushanbe
  • Кушта ва захмӣ шудани 120 муздури Саудӣ дар Маариб

Манобеи амниятии Яман аз кушта ва захмӣ шудани 120 муздури Саудӣ, дар ҳамлаи мушакии Яман ба маҳалли таҷаммӯи муздурони Саудӣ дар минтақаи Сирвоҳ, тайи се рӯзи гузашта хабар доданд.

Ягони мушакии артиши Яман маҳалли таҷаммӯи муздурони Саудӣ дар минтақаи Сирвоҳ, воқеъ дар Маарибро мушак борон кард.

Хабаргузории «Хабар»-и Яман гузориш дод, ки дар ҳамалоти мушакии  Яман ба Сирвоҳ тайи се рӯз гузашта, 120 нафар аз муздурони Саудӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар, сухангӯи комиссарёи олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи сешанбе дар конфронси хабарӣ дар Женева гуфт, аз марти 2015 то 30 сентябри 2016 дар Яман, 4 ҳазору 14 нафар аз мардум кушта шудаанд.