Июл 08, 2020 13:16 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Ансоруллоҳ: Ҷинояти Танума таърихи хунбори Арабистонро нишон медиҳад

Сухангӯи Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ҷинояти Оли саъуд дар ҳақи садҳо ҳоҷии яманиро, ки ба ҷинояти Танума маъруф аст, нишондиҳандаи таърихи хунбори Арабистон хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад Абдуссалом- сухангӯи Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар саҳифаи Твиттери худ навишт: Як қарн аз ҷинояти  Танума ва куштори ҳоҷиёни яманӣ ба дасти Арабистони ваҳобӣ ва такфирӣ ме‎гузарад ва ин бузургтарин ва фаҷеътарин ҷинояти Арабистон дар ҳақи ҳоҷиёни яманӣ буд.

Абдуссалом таъкид кард: Зинда нигоҳ доштани мазлумияти шаҳидони Танума, зинда нигоҳ  доштани мазлумияте аст, ки акнун ба шакли таҷовузҳо ва муҳосираи эътилофи саудӣ алайҳи миллати Яман идома дорад.

Сухангӯи Ансоруллоҳ афзуд: Ин қудратҳои истикборӣ ҳастанд, ки тарҳҳои Арабистон дар минтақаро расм мекунанд ва Риёз ҳам сенарияҳои қудратҳои истикбориро иҷро мекунад.

Саудиҳо яксад сол пеш ба дастури Англис, ду ҳазору  900 ҳоҷии яманиро дар ҳоле, ки барои рафтан ба ҳаҷ дар соли 1341 ҳиҷрии қамарӣ  дар роҳи Макка буданд, дар минтақаи Танума дар вилояти Асир дар ҷануби Арабистон ба қатл расонданд.

 

Барчасп