Боздошти мудири бозсозии Масҷидулақсо
Июл 08, 2020 18:50 Asia/Dushanbe
Мудири бозсозии Масҷидулақсо боздошт шуд.
Ба гузориши ИСНА, низомиёни режими саҳюнистӣ Басом Алҳалоқ, мудири Кумитаи бозсозии Масҷидулақсоро дар дохили ин масҷид боздошт карданд.
Тибқи ин гузориш, боздошти Алҳалоқ ҳамзамон бо юриши низомиёни саҳюнист ва беэҳтиромӣ ба Масҷидулақсо ба ҳамроҳи полиси Исроил сурат гирифт.
Саҳюнистҳо ба ҳар баҳонае монеи бозсозии Масҷидулақсо ва бахшҳои мухталифи он мешаванд. Ба назар мерасад чунин боздоштҳое робитаи мустақиме бо проектҳои саҳюнистӣ барои эҳёи (ҳайкал) маъбади Сулаймон дошта бошанд.