Июл 10, 2020 16:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Башор Асад бар ҳамкории роҳбурдии Теҳрон ва Димишқ

Раисҷумҳури Сурия дар дидор бо раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, бар идомаи ҳамкории роҳбурдӣ миёни Теҳрон ва Димишқ таъкид кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алмаёдин”, Башор Асад дар ин дидор, ки шомгоҳи панҷшанбе баргузор шуд, имзои тавофуқномаи низомӣ миёни Эрон ва Сурияро натиҷаи солҳо ҳамкории роҳбурдӣ миёни ду кишвар донист.

Асад бо ибрози хурсандӣ аз натоиҷи нишастҳои дуҷониба ва имзои тавофуқномаи ҳамкории низомӣ ва фаннӣ миёни Теҳрон ва Димишқ хотирнишон кард, ки ин мавзуъ сатҳи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Сурия ва Эронро нишон медиҳад.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон низ бар тақвияти равобит миёни Эрон ва Сурия дар заминаҳои мухталиф таъкид кард ва онро ба нафъи ду кишвар донист.

Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сипаҳбуд Алӣ Абдуллоҳ Айюб, ҷонишини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва вазири дифои Сурия рӯзи чаҳоршанбе дар Димишқ тавофуқномаи ҳамкории ҳамаҷониба дар заминаҳои низомӣ, дифоӣ ва амниятӣ имзо карданд.

 

Барчасп