Таъвиқи замони баргузории мусобиқоти байналмилалии ашоир ва ақвом
Июл 11, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
Баргузории мусобиқоти байналмилалии ашоир ва ақвом ба таъвиқ афтод.
Ба нақл аз Азия Плюс, ин мусобиқот ба далели хурӯҷи коронавирус соли 2021 дар Туркия баргузор хоҳад шуд.
Билол Эрдуғон, раиси конфедератсияи ҷаҳонии варзиши ашоир ва ақвом гуфт: Ин бозиҳо қарор буд поизи имсол дар шаҳри Бурсаи Туркия баргузор шавад.
Ӯ афзуд: Ин тасмим пас аз арзёбӣ бо Вазорати умури хориҷаи Туркия, Вазорати ҷавонон ва варзиш, Вазорати беҳдошт барои ҷилавгирӣ аз афзоиши беморони коронаӣ гирифта шудааст.
Аввалин, дуввумин ва сеюмин бозиҳои байналмилалии ашоир дар солҳои 2014, 2016 ва 2018 бо талоши мақомоти Қирғизистон дар ин кишвра баргузор шуд.