Июл 11, 2020 18:24 Asia/Dushanbe
  • Маҳдуд шудани қудрати Натанияҳу ба далели иттиҳомҳои фасоди молӣ

Нахуствазири режими Исроил ба далели иттиҳомоти фасоди молӣ аз ҳақи мансуб кардани қозиён ва мақомоти полис маҳрум шуд.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Авихай Мандеблит- мушовири ҳуқуқии кабинаи режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе эълом кард: Натанияҳу набояд дар муаррифии қозиён ва раисони полис ва ҳар интисобе, ки ба равияҳои ҳуқуқии Исроил, Дафтар додситони кул ё таҳқиқоти полис марбут мешавад дахолат кунад.

Ба  гуфтаи Мандеблит, Натанияҳу ҳамчунин аз ироаи лоиҳаҳои қонунӣ ба системаи қазоӣ ё тасмимгирӣ дар бораи саноатҳои иртиботӣ, ки ба иҷрои қонун марбут аст манъ шудааст.

Полиси  режими Исроил чаҳор парванда дар бораи фасоди  давлатӣ ва молии нахуствазири ин режим ташкил додааст.

Дарёфти  ҳадия аз тоҷирони сарватманд, пардохт ва дарёфти ришва, фиребкорӣ ва сӯистифода аз эътимоди умумӣ аз ҷумлаи иттиҳомҳое аст, ки ба Натанияҳу ворид шудааст.

 

Барчасп