Арабистон: Ҳоҷиёни бидуни иҷозатнома ҷарима мешаванд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i55369-Арабистон_Ҳоҷиёни_бидуни_иҷозатнома_ҷарима_мешаванд
Мақомҳои саудӣ эълом карданд касоне, ки бидуни иҷозатнома қасди анҷоми маносики ҳаҷи имсолро дошта бошанд ҷаримаи молӣ хоҳанд шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 13, 2020 03:24 Asia/Dushanbe
  • Арабистон: Ҳоҷиёни бидуни иҷозатнома ҷарима мешаванд

Мақомҳои саудӣ эълом карданд касоне, ки бидуни иҷозатнома қасди анҷоми маносики ҳаҷи имсолро дошта бошанд ҷаримаи молӣ хоҳанд шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи саудии Уккоз гузориш дод: Дастандаркорони маросими ҳаҷи соли 2020 эълом карданд касоне, ки бидуни иҷозатнома вориди Мино, Муздалифа ва Арафот шаванд, ҷаримае баробар бо 10 ҳазор риёл дар интизори онҳо аст ва дар сурати такрори хилоф, муҷозоташон афзоиш меёбад.

Ин муҷозотҳои молӣ дар чорчуби тадбирҳои пешгиронае аст, ки тарафҳои дахлдор барои муқобила бо вируси корона ва тазмини саломати ҳоҷиён дар ҳаҷи имсол андешидаанд.

Муҳаммад Солеҳ Бентен, вазири ҳаҷи Арабистон эълом кардааст, ки маносики ҳаҷи имсол бо теъдоди бисёр маҳдуде аз шаҳрвандони хориҷии муқими Арабистон баргузор мешавад ва ҳаҷгузорон аз хориҷи Арабистон ҳузур нахоҳанд дошт.