Пора кардани хаймаҳои эътирозгарони зидди Натанияҳу дар Қудс
(last modified Mon, 13 Jul 2020 12:55:58 GMT )
Июл 13, 2020 17:55 Asia/Dushanbe
  • Пора кардани хаймаҳои эътирозгарони зидди Натанияҳу дар Қудс

Полиси режими саҳюнистӣ хаймаҳои эътирозгарони зидди Натанияҳу дар Қудсро барчид.

Полиси Исроил ва мақомҳои шаҳрии Байтул-Муқаддас имрӯз бо мӯътаризон алайҳи нахуствазир Натанияҳу даргир шуданд ва хаймаҳои эътирозгаронро барчиданд.

Ба гузориши радиои Бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, ба нақл аз Исна, афсарони полис ва мақомҳои шаҳрӣ чодарҳоеро, ки мӯътаризон дар муқобили маҳалли сукунати Бенямин Натанияҳу, нахуствазири Исроил барпо карда буданд, барчиданд. 
 
 Мӯътаризон аз моҳи  гузаштаи мелодӣ дар муқобили маҳалли сукунати Натанияҳу эътироз карда ва хостори истеъфои вай шуда буданд. 
 
 Онҳо гуфтанд, ки полис аз зӯр барои барчидани эътироз истифода кард дар ҳоле ки сиёсатмадорони оппозитсия ин иқдоми полисро маҳдудият дар озодии баён донистанд. 
 
 Тасовири видеоӣ нишон медиҳад, ки афсарони полис ва мақомҳои шаҳри Байтулмуқаддас иқдом ба пора кардани плакатҳо, бардоштани сандалиҳо ва  барчидани чодарҳо карданд, дар ҳоле ки бо мӯътаризон низ даргирӣ доштанд. 
 
 Шӯрои шаҳри Қудс низ дар баёнияе эълом кард, шаҳрдорӣ таҷҳизоти мутааллиқ ба мӯътаризонро барои дувумин рӯзи мутаволӣ барчид, чун онҳо бидуни иҷоза даст ба эътироз зада ва ин иқдомашон, зидди назми умумӣ аст. 
 
 Ин эътирозот дар ҳоле баргузор шуда, ки Натанияҳу бо иттиҳомоте чун дарёфти ришва, тақаллуб ва хиёнат дар амонат дар се парвандаи ҷудогона рӯбарӯст. Ҷаласаи додгоҳии вай моҳи гузаштаи мелодӣ оғоз шуд. Натанияҳу ҳаргуна иттиҳомеро рад карда ва расонаҳо ва полисро ба пайгирии мавҳумот муттаҳам кард. 
 
 Пас аз барчида шудани эътирозот, раҳбари опозитсия дар Твитт навишт: Натанияҳу эътимоди мардумиро аз даст додааст. 
 
 Ин воқеаҳо як рӯз пас аз он рух дод, ки натоиҷи як назарсанҷӣ  нишон медиҳад, ки мизони ризоятмандӣ аз Натанияҳу дар расидагӣ ба вазъияти пандемияи корона коҳиш доштааст. 
 
 Дар ин назарсанҷӣ мушаххас шуд, ки 75 дарсад аз ширкаткунандагон аз амалкарди давлат норозӣ ҳастанд.