Июл 14, 2020 12:17 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати марҷаъҳои динии Қудси ишғолӣ бо бастани Бобулраҳмаи Масҷидулақсо

Марҷаъҳои динӣ дар шаҳри Қудс бо тасмими мақомоти режими саҳюнистӣ дар бораи бастани Бобулраҳма дар Масҷидулақсо мухолифат карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, марҷаъҳои динӣ дар Қудс дар баёнияе эълом карданд: Полиси режими Исроил номаеро дар бораи ҳукми додгоҳи ин режим бар асоси бастани Бобулраҳма барои идораи уқофи Қудс фиристод. Мусаллои Бобулраҳма бахши ҷудоинопазир аз Масҷидулақсо аст; масҷиде, ки танҳо барои мусулмонон аст ва ҳаргиз наметавон дар бораи он музокира ё созиш кард ё аз як ваҷаб аз хоки он гузашт.

Дар ин баёния омадааст: Идораи уқофи исломӣ ба додгоҳҳои Исроил муроҷиа намекунад чаро ки ин додгоҳҳо ҳеҷ ихтиёре надоранд. Ин тасмиме аст, ки ҳайати олии исломӣ аз моҳи июнт 1967 онро гирифтааст.

Дар идомаи ин баёния омадааст: Масҷидулақсо болотар аз ин аст, ки дар бораи он ҳукме аз сӯи додгоҳ ё як ҳукми сиёсӣ содир шавад. Мусулмонон ҳаргиз ин тасмимҳои ғайриқонуниро қабул надоранд ва ба он пойбанд нахоҳанд буд. Ин тасмимҳо бо қавонин ва урфи байналмиллалӣ комилан тафовут дорад. Мо давлати Исроилро масъули ҳаргуна латма задан ба Масҷидулақсо медонем.