Июл 17, 2020 20:30 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Фаластин аз “Apple” ва “Google”  

Фаластин аз “Apple” ва “Google” шикоят мекунад.

Ба гузориши “Форс”, вазири хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин хабар дод, ки Ромуллоҳ тасмим дорад, дар иртибот бо масъалаи ҳазфи номи Фаластин аз нақшаҳои ҷаҳонии “Apple” ва “Google”, аз ин ду ширкати амрикоӣ шикоят кунад.

Вазири хориҷаи Фаластин дар ин хусус гуфт: “Ба дунболи иқдоми ҳуқуқӣ барои посух ба ҳазфи номи Фаластин аз нақшаҳои “Apple” ва “Google”  ҳастем”.

Риёз Алмоликӣ идома дод: “Дар талош ҳастем бо мушаххас кардани марҷаи ҳуқуқии байналмилалии зирабт, парвандае алайҳи “Apple” ва “Google” ташкил диҳем”.

Алмоликӣ ҳамчунин гуфт, ду ширкати ёдшуда дар сурате, ки бар тахаллуф аз ҳуқуқи байналмилал исрор биварзанд, иқдом барои муҳокимаи масъулони онҳо осон хоҳад буд.

Вазири хориҷаи Фаластин дар поён таъкид кард, вақте, ки ин гуна амдӣ ва бо рафторҳои сиёсӣ ва тавҳиномез бо Фаластин рафтор мекунанд, қатъан муртакиби иштибоҳ шудаанд.

Дар соли 2016 барои аввалин бор мавҷе алайҳи иқдоми “Google” дар ҳазфи номи Фаластин аз рӯйи нақшаи ҷаҳонӣ дар фазои маҷозӣ ба роҳ афтод. Аммо бо ин ҳол, “Google” он ҷо таъкид кард, ки ҳаргиз номи Фаластин дар нақша вуҷуд надошта, ки бихоҳад ҳазф шавад.