Июл 18, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • Каронаи Бохтарӣ саҳнаи хашми миллати Фаластин алайҳи ишғолгарии нотамоми саҳюнистҳо

Шаҳрҳо ва рустоҳои мухталифи Каронаи Бохтарӣ саҳнаи хашм ва эътирозоти мардумӣ алайҳи тарҳи ишғолгарии ҷадиди саҳюнистҳо буд.

Ба нақл аз Форс, бисёре аз шаҳрҳо ва рустоҳои Каронаи Бохтарӣ дар посух ба чандин фарохон, барои ташдиди муқовимати мардумӣ дар манотиқи тамос бо саҳюднистҳо, шоҳиди эътирозот дар мухолифат бо тарҳи илҳоқи режими саҳюнистӣ буд, ки бо кашида шудан ба даргирӣ, чандин захмӣ бар ҷой гузошт.

Мисли ҳамеша, шаҳраки Куфри Қудум, аз тавобеи шаҳри Қалқилия, дар шимоли Каронаи Бохтарӣ, ки дар ҳоли ҳозир пойгоҳи муқовимати мардумӣ шумурда мешавад, шоҳиди даргириҳои шадид миёни шаҳрвандони фаластинӣ бо ишғолгарони саҳюнист буд.

Ҷамъияти зиёде аз сокинони он ҷо роҳпаймоии ҳафтагӣ зидди шаҳраксозӣ ширкат карданд ва самти низомиёни саҳюнистӣ, ки ба ин шаҳрак ҳуҷум оварда буданд, санг партоб карданд ва низомиён низ ба самти онҳо гулӯлаи машқӣ ва гази ашковар шиллик карданд.

.