Июл 18, 2020 19:34 Asia/Dushanbe
  • Амири Кувейт ба бемористон мунтақил шуд

Ҳамзамон бо ҳамагирии вируси корона, Девони амири Кувейт эълом кард, ки амири ин кишвар ба бемористон мунтақил шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, баёнияи Девони амири Кувуйт ба ҷузъиёти бештаре дар ин хусус ишора накардааст.

Шайх Саббоҳ Алҳамд Алҷобир Алсаббоҳ-и 90 сола аз соли 2006 ва пас аз канорагирии Саъд Ал-Абдуллоҳ Алсолим Алсаббоҳ бар асари беморӣ, амири Кувейт шуд.

Хабаргузории расмии Кувейт октябри 2019 эълом карда буд, ки Шайх Саббоҳ Аҳмад Алсаббоҳ пас аз муойинаҳои пизишкӣ дар Вашингтони Амрико, ки натиҷаҳои он бисёр ризоятбахш буда ба Кувейт бозгаштааст.

Феврали 2020 низ овозаҳое дар бораи ногувор шудани ҳоли амири Кувейт интишор ёфта буд, ки раиси маҷлиси ин кишвар онро такзиб кард.

Дар Кувейт то кунун беш аз 58 ҳазор маврид бемории КОВИД-19 ва 404 маврид марги бархоста аз он гузориш шудааст.