Июл 19, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши коронавирус дар Исроил; карантини ҳазорон низомии саҳюнист

Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ, аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Исроил ба беш аз 48 000 нафар ва карантин шудани ҳазорон низомии ин режим хабар дод.

Ба гузориши рӯзи гузаштаи "Аннашра", Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ эълом кард: Бо сабти мавориди ҷадид аз ибтило ба коронавирус дар миёни саҳюнистҳо, шумори мубталоён ба ин вирус дар Исроил ба 48 365 нафар расидааст.

Бино бар эъломи ин вазоратхона, теъдоди фавтиҳои ношӣ аз ибтило ба коронавирус дар миёни саҳюнистҳо низ ба 401 нафар  афзоиш ёфтааст.

Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз ибтилои 801 нафар аз низомиёни ин режим ба коронавирус хабар дод ва афзуд:  10 615 низомӣ ҳам дар карантин қарор гирифтаанд.

 

Барчасп