Июл 20, 2020 10:03 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли Малик Салмон ба бемористони Риёз

Хабаргузории расмии Арабистон аз интиқоли Салмон бин Абдулазиз- подшоҳи ин кишвар ба бемористони тахассусии Малик Файсал дар Риёз хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Арабистон (ВОС), дарбори салтанатии саудӣ эълом кард, Малик Салмон ба далели вуҷуди илтиҳоб дар кисаи сафро ва барои анҷоми озмоиш роҳии бемористон шудааст.

Малик Салмон бин Абдулазиз, ҳафтумин подшоҳи саудӣ аст, ки соли 2015 ба думболи марги бародараш Малик Абдуллоҳ ба подшоҳии Арабистон расид.

Ӯ, ки бисту панҷумин писари Малик Абдулазиз аст дар шаҳри Риёз ба дунё омада ва 84 сол дорад.