Мақоми курди ироқӣ: Иқлими Курдистон ҳеҷгоҳ зидди манофеи Эрон нахоҳад буд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i55603-Мақоми_курди_ироқӣ_Иқлими_Курдистон_ҳеҷгоҳ_зидди_манофеи_Эрон_нахоҳад_буд
Раиси Ҳизби демократи Курдистони Ироқ дар дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Иқлими Курдистон ҳеҷгоҳ зидди манофеи Эрон амал нахоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 20, 2020 06:15 Asia/Dushanbe
  • Мақоми курди ироқӣ: Иқлими Курдистон ҳеҷгоҳ зидди манофеи Эрон нахоҳад буд

Раиси Ҳизби демократи Курдистони Ироқ дар дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Иқлими Курдистон ҳеҷгоҳ зидди манофеи Эрон амал нахоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф шомгоҳи якшанбе дар дидор бо Масъуди Боризонӣ- раиси Ҳизби Демократи Курдистони Ироқ ва раиси пешини иқлими Курдистон бар аҳамияти ҳокимияти миллии Ироқ таъкид кард ва равобити ҳасана миёни давлати марказӣ ва иқлими Курдистони Ироқро хости ҳамешагии Теҳрон донист.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин аз густариши равобити Эрон ва Ироқ дар ҳамаи заминаҳо истиқбол кард.

Масъуди Боризонӣ ҳам бо ишора ба пайвандҳои мустаҳками ду миллати Эрон ва Ироқ аз нақши фаромӯш ношуднии сардор шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ дар шикасти ДОИШ ёд кард.

Вай таъкид кард: Иқлими Курдистони Ироқ ҳаргиз ба маҳалле барои таҳдиди манофеъ ва амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон табдил нахоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси Ҳизби демократи Курдистони Ироқ ҳамчунин бар густариши мубодилаҳои тиҷорӣ дар даврони корона бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ таъкид карданд.

Зариф рӯзи якшанбе дар Бағдод низ бо Барҳам Солеҳ- раиси ҷумҳурӣ, Мустафо Алкозимӣ- нахуствазир, Фуод Ҳусайн- вазир умури хориҷа, Ҳодӣ Алъомирӣ- раиси эътилофи Алфатҳ ва шуморе дигар аз шахсиятҳои сиёсӣ, қазоӣ ва низомии Ироқ дидор ва гуфтугӯ кард.