Июл 21, 2020 14:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Мубодилаи асирон танҳо роҳ барои озодии низомиёни асири исроилӣ аст

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос таъкид кард, ки режими ишғолгари саҳюнистӣ фақат аз тариқи имзои тавофуқномаи мубодилаи асирон бо муқовимат ва озодии асирони фаластинӣ аз зиндонҳои худ метавонад низомиёни асири худ дар Ғаззаро бозпас гирад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, сухангӯи Ҳамос рӯзи душанбе дар изҳороти матбуотӣ дар шашумин солрӯзи асорати Шаол Арон, сарбози исроилӣ дар ҷараёни ҷанги 51 рӯза дар тобистони соли 2014, таъкид кард, ки 6 сол пеш дар чунин рӯзе миллати Фаластин шоҳиди яке аз дастовардҳои бузург ва беназири Муқовимат буд ва тайи он муборизон гурдонҳои Қасом тавонистанд Шаол Аронро аз майдони набарди рабуда ва ба асорат бигиранд.

Хозим Қосим таъкид кард, ки озодии асирони фаластинӣ бо тамоми абзорҳо ва роҳкорҳои мумкин ҳамчунон дар раъси аввлавиятҳои ҷунбиши матбуаш қарор дорад.

Абу-Убайда, сухангӯи гурдонҳои Қасом 20 июли 2014 аз асорати Шаол Арон пас аз ҳамлаи неруҳои артиши саҳюнистӣ ба маҳаллаи Алтафоҳ дар шарқи Ғазза хабар дод. Дар ҷараёни нуфузи неруҳои исроилӣ ба ин минтақа, муборизони Муқовимат 13 низомии исроилиро ба ҳалокат расонда ва Шаол Аронро ҳам ба асорат гирифтанд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, Абдулатиф Қонуъ, сухангӯи Ҳамос ахиран таъкид кард, ки Муқовимати Фаластин баргҳои барандаи қавӣ дар ихтиёр дорад, ки метавонад дар ниҳоят душмани саҳюнистиро водор ба озодии асирони фаластинӣ кунад.

Қонуъ аз Миср ба унвони як тарафи миёнҷӣ дархост кард, режими саҳюнистиро водор ба пойбандӣ ба бандҳои тавофуқномаи мубодилаи асирон кунад ва тамомии асиронеро, ки ба муҷиби қарордоди мубодилаи асирон мавсум ба қарордоди Шолит муҷаддадан ба асорат гирифта шуданд, озод кунад.