Бозкушоии марзи Хусравӣ барои мубодилоти тиҷории Эрон ва Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i55729-Бозкушоии_марзи_Хусравӣ_барои_мубодилоти_тиҷории_Эрон_ва_Ироқ
Фармондори Қасри Ширин, устони Кирмоншоҳ, ғарби Эрон гуфт: Марзи Хусравӣ барои анҷоми фаъолиятҳои тиҷорӣ ва содироти коло ба Ироқ бозкушоӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 23, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Бозкушоии марзи Хусравӣ барои мубодилоти тиҷории Эрон ва Ироқ

Фармондори Қасри Ширин, устони Кирмоншоҳ, ғарби Эрон гуфт: Марзи Хусравӣ барои анҷоми фаъолиятҳои тиҷорӣ ва содироти коло ба Ироқ бозкушоӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муродалии Тотор, фармондори Қасри Ширин афзуд:

Марзи Хусравӣ, ки ба далели хурӯҷи коронавирус аз сӯи кишвари Ироқ баста шуда буд, бо тавофуқи суратгирифта, аз имрӯз (панҷшанбе) бозкушоӣ ва мубодилоти тиҷорӣ ва содироти коло аз ин марз аз сар гирифта шуд.

Фаромндори Қасри Ширин бо ишора ба ин, ки марзи Хусравӣ барои тараддуди афроди дутобеиятӣ (ироқӣ-эронӣ) низ боз аст, афзуд: 

Тараддуди дутобеиятиҳо бо риояти мавозин ва протоколҳои беҳдоштӣ анҷом мешавад.