Тазоҳуроти зиддиамрикоии мардуми Сурия дар Алҳасака
(last modified Fri, 24 Jul 2020 16:07:01 GMT )
Июл 24, 2020 21:07 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зиддиамрикоии мардуми Сурия дар Алҳасака

Садҳо нафар аз мардуми устони Алҳаска, дар шимолишарқи Сурия, дар эътироз ба ҳузури ғайриқонунии низомиёни амрикоӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши “Форс”, мардуми рустои Алутутия, аз тавобеи шаҳри Алқомишли, дар устони Алҳасакаи Сурия дар тазоҳуроте, зимни таъкид бар хуруҷи низомиёни ишғолгари Амрико ва Туркия, таҳримҳои якҷониба алайҳи кишварашонро маҳкум карданд.

Ширкаткунандагон бо сар додани шиорҳое эълом карданд, амрикоиҳо бо сирқати нафти Сурия ва дигар сарватҳову маҳсулоти кишоварзӣ, мардуми Сурияро аз қуввати рӯзонаи худ маҳрум кардаанд то онҳоро водор ба кӯч кардан аз хонаи худ карда ва сипас амволи онҳоро ба тасарруф дароваранд.

Тазоҳуркунандагони сурӣ ҳамчунин таъкид карданд, таҳти ҳеҷ фишоре аз усули худ дар дифоъ аз давлат ва кишварашон даст барнамедоранд.