Июл 25, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Лубнон аз Амрико шикоят мекунад

Вазири беҳдошти Лубнон эълом кард: Ба намояндагӣ аз мусофирони парвози ширкати ҳавопаймоии эронии Моҳон, ки аз иқдоми хасмонаи ду ҷангандаи амрикоӣ осеб дидаанд ба созмонҳои байналмиллалӣ шикоят мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз расонаҳои Лубнон, доктор Ҳамд Ҳасан ҳангоми аёдат аз захмиҳои ин таҳдиди муҷримона, дар бемористони Расули Аъзам (с)-и Бейрут, дар ҷамъи хабарнигорон ҳамлаи ду ҷангандаи амрикоӣ ба ҳавопаймои ғайринизомии эронӣ дар осмони Сурияро, ки ба мақсади Бейрут дар парвоз буд, маҳкум кард ва онро амали "тарсондани муҷримона" хонд.

Вай ин иқдомро барои амрикоиҳо нанговар донист ва таъкид кард, ки Вазорати беҳдошти Лубнон ба намояндагӣ аз ҳамаи касоне, ки дар ин ҳодиса ва ё таҳти таъсири он аз лиҳози рӯҳӣ ва ҷисмӣ дучори осеб шуданд дар ниҳодҳои байналмиллалӣ тарҳи даъво хоҳад кард.

Вазири беҳдошти Лубнон афзуд: Додгоҳҳои ҷиноӣ ва кайфарии байналмиллалӣ тибқи қавонини байналмиллалӣ, ки бар ҳифзи ҷони мусофирони бегуноҳ ва амнияти ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ таъкид кардаанд бояд дар қиболи чунин ҳамлаҳое посухгӯ бошанд.

Вай афзуд: Дар ҳоле, ки замин бо як бемории ҳамагир ба номи корона мувоҷеҳ шудааст, осмон низ дучори як бемории шайтонӣ шудааст, ки бояд ба он посухи маҳкам диҳем.

Дар ҳамин ҳол Носиф Ҳиттӣ, вазири умури хориҷаи Лубнон низ рӯзи шанбе дар нахустин вокуниши расмии ин кишвар ба ҳодисаи таҳдиди ҳавопаймои мусофирбарии Эрон аз сӯи ҷангандаҳои амрикоӣ, таъкид кард, ки ҳаргуна таарруз ба ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ ғайри қобили қабул ва маҳкум аст.

Шомгоҳи панҷшанбе ду ҷангандаи амрикоӣ барои ҳавопаймои мусофирбарии ширкати эронии Моҳон, ки аз Теҳрон ба Бейрут мерафт дар осмони Сурия эҷоди музоҳимат карданд, ки ин иқдом муҷиб шуд ба бархе аз мусофирони ин парвоз осеб бирасад.

 

Барчасп