Июл 28, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Пешниҳоди 15 миллиарддолларӣ барои халъи силоҳи Муқовиматро рад кардем

Раиси Дафтари сиёсии Ҷунбиши Муқовимати исломии Ҳамос фош кард, ки ин ҷунбиш ду моҳ пеш пешниҳоди молӣ ба арзиши 15 миллиард доллар дар чорчуби муомилаи қарн ба манзури халъи силоҳи Муқовиматро рад кардааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, Исмоил Ҳания гуфт: Дар чорчуби тарҳи сулҳи Трамп мавсум ба муомилаи қарн, 15 миллиард доллар ба ин ҷунбиш ба манзури иҷрои пружаҳо ва тарҳҳое дар навори Ғазза шомили сохти фурудгоҳ, бандар ва ғайра пешниҳод дода шуд, ки ин ҷунбиш бо он мухолифат кардааст.

Ҳания тасреҳ кард, ки тарафҳои пешниҳоддиҳандаи ин маблағи молӣ хостори халъи силоҳи Муқовимати Фаластин ва сафарбар кардани он дар неруҳои полис ва идораи умури навори Ғазза ба таври ҷудогона ва поён додан ба тамомии шеваҳои Муқовимат ва чашмпушии фаластиниён аз Қудс шуданд.

Вай таъкид кард, ки Ҳамос на муомилаи қарн ва на ҳеҷ тарҳ ва пешниҳоде дигар дар ин росторо нахоҳад пазируфт.

Раиси Дафтари сиёсии Ҳамос зимни ишора ба истиқболи ҷунбиши матбуаш аз талошҳои Қатар ба манзури наздик кардани дидгоҳҳо ва нуқтаи назароти фаластиниён ба якдигар, таъкид кард, ки Қатар равобити бисёр хубе бо тамомии ҷараёнҳо ва гуруҳҳои фаластинӣ дорад ва метавонад воситае бетараф дар гуфтугӯҳои Ҳамос ва Фатҳ барои амалисозии оштии миллӣ бошад