Август 03, 2020 18:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз (душанбе) манотиқе аз маркази навори Ғаззаро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ,дар ин ҳамла пойгоҳҳои муқовимати Фаластин дар маркази навори Ғазза ва дар ғарби шаҳри  Дейр Ал-Балаҳ ҳадаф қарор гирифт ва ҷангандаҳои саҳюнистӣ як пойгоҳи вобаста ба гардонҳои Азоуддин Қасом, шохаи низоми Ҳамосро бо се фарванди  ракет ҳадаф гирифтанд. 
 
 Дар ҳамин росто, артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ин ҳамла дар ҷавоби ҳамлаи ракетӣ аз навори Ғазза ба арозии ишғолӣ дар соатҳои поёни рӯзи якшанбе сурат гирифт. 
 
 Дар ин баёния омадааст: " ҳавопаймоҳо ва болгардҳои ҷангии мо каме қабл ҳамалоти ҳавоиро ба шуморе аз аҳдофи вобаста ба Ҳамос дар навори Ғазза анҷом доданд ва дар ин ҳамалот пойгоҳи зери заминӣ тавлиди бетон ва сохторҳои зеризаминии Ҳамос ҳадаф қарор гирифтанд. " 
 
 Ин режим муддаӣ шуда, ки мушаки шиллик шуда аз навори Ғаззаро дар осмон шаҳри Садирут раҳгирӣ ва мунҳадим кардааст. 
 
 Дар баёнияи артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин омада, ки артиши ин режим бо ҳаргуна амалиёти харобкорона алайҳи Исроил ва талош барои осеб задан ба шаҳрвандонаш муқобила мекунад.