Август 05, 2020 18:09 Asia/Dushanbe
  • Силии гурдонҳои Алқудс ба режими саҳюнистӣ

Шохаи низомии Ҷиҳоди исломии Фаластин аз нуфуз ба системаи амниятии режими саҳюнистӣ ва хунсосозии амалиёти ин режим барои ҷазби муздурон парда бардошт.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, гурдонҳои Қудси шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ бо интишори видеои “Хонаи анкабут” аз нуфуз ба системаи амниятии режими саҳюнистӣ ва хунсосозии амалиёти ин режим барои ҷазби муздурон парда бардошт.

Гурдонҳои Қудс дар мустанади “Хонаи анкабут” , ки шабакаи “Алмаёдин” онро пахш кард, аз хунсосозии ду амалиёти амниятӣ барои ҷазби муздурони ду миллиятӣ парда бардошт. Коршиносон бар ин боваранд, ки ин дастовардҳои амниятӣ нишондиҳандаи тавсеаи густараи амалкарди муқовимат аст.

Хабарнигори ин шабака гузориш дод, муқовимат дар майдони дигаре аз майдонҳои рӯёрӯӣ, дар арсаи ҷанги мағзҳо ба дур аз садои ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаҳо, дастовардҳое дар баробари режими ишғолгар касб кард. Гурдонҳои Алқудси шохаи низомии Ҷунбишм ҷиҳоди исломӣ дар мустанади “Хонаи анкабут” нишон дод, ки муваффақ ба нуфуз ба системаи амниятии режими ишғолгар шудааст.

Ҳасан Лофи, коршиноси масоили Исроил гуфт: “Бар ин боварам, ки ин мавзуъ ба илали мухталиф, ба манзалаи пешрафти муҳиме аст. Нахустин иллат ин аст, ки муқовимат дар ҳавзаи амниятӣ фақат ба абъоди дифоӣ ва пешгирона барои беҳбуди дохилии Ҷабҳаи Фаластин иктифо накарда, балки ин иқдомот дар ҳавзаи таҳоҷумӣ ҳам сурат гирифтааст. Ба тавре, ки ба системаҳои амниятии режими ишғолгар нуфуз кардааст”

Хабарнигори ин шабака афзуд, гурдонҳои Алқудс дар ин мустанади 36 дақиқаӣ дар бораи ҳаводиси амниятӣ аз ду равиш барои ҷалби муздурони думиллиятӣ парда бардошт.