Август 07, 2020 20:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба пойгоҳҳои Ҳамос дар Ғазза

Артиши режими саҳюнистӣ пойгоҳҳои Ҳамос дар навори Ғаззаро мавриди ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши Исна, артиши режими саҳюнистӣ дар баёнияе эълом кард, ҳамалотеро алайҳи зерсохтҳои вобаста ба Ҳамос дар шимоли Ғазза анҷом додааст. Ин ҳамалот баъд аз он анҷом шуд, ки Ҳамос балонҳои оташзоро дар марз бо заминҳои ишғолӣ ба парвоз даровард.

Ба гуфтаи манобеи амниятӣ, ин ҳамалот тайи чанд рӯзи гузашта дувумин ҳамалоте аст, ки пойгоҳи гурдонҳои Алқисом, шохаи низомии Ҳамосро ҳадаф қарор додааст.

Ба гуфтаи манобеъ, ҳамалоти режими саҳюнистӣ хисоратҳои моддӣ барҷой гузошт .